Умари Хайём
Он қаср, ки Ҷамшед дар ӯ ҷом гирифт,
Оҳу бача карду рӯбаҳ ором гирифт.
Баҳром, ки гӯр мегирифтӣ ҳама умр,
Дидӣ, ки чӣ гуна гӯр Баҳром гирифт.
Чун лола ба Наврӯз қадаҳ гир ба даст,
Бо лоларухе агар туро фурсат ҳаст.
Май нӯш ба хуррамӣ, ки ин чархи куҳан
Ногоҳ туро чу хок гардонад паст.