Perso Tajik Literature


Муаллифи ахбор ва ровии қисса Фаромурз


Ҷамъоварандаи китоб ривоят кунад, ки вақте аз авқот ҷамоате аз дўстони мувофиқ ҳикояте аз ман дархост карданд ва он ҳикоят оғоз кардам ба хуррамиву фирӯзӣ ба тавфиқи худои азза ва ҷалл дар беҳтарин рўзе ва шарифтарин соате... ва намудам бад он поя, ки тоқат буд, биёростам ва дар ҳам афкандам ва тартиб кардам ва бипардохтам ҳикояте аз ғароибу аҷоиб мунодироти олам, хуштар аз авқоти олам. Аз баҳри он ки ҳар чи дар ҷаҳон ҳаст асбоб аст, ва ҷаҳону кору кирдори ҷаҳониён дар вай маҷмӯст аз ишқу васлу ҳаҷру дуриву наздикиву дилозориву меҳру кинаву дустиву шодиву ғам, роҳату балову ранҷу ҷудоиву фироқу ниёзмандиву ба ком расидану нокомиву мурод ба ҳосил овардану аз даст бидодан, дилтангиву нишот кардану дижам (ғамгин) будану маргу зиндагонӣ, ҷангу оштиву сулҳу пайкор, мухосамату (душмани) муонасат (дусти), муҷодалату муҳокамат, арбадаву ҳушьёри, бисьёр гуфтану хомуши, нозу ниёз, анҷому оғоз, шаҳру биёбон, кўҳу саҳро, дарьёву замин, ҳавову ҷазираҳо, қалъаҳову тилисмҳо, аҷоибҳо, ганҷҳои ниҳониву ошкоро, деву парӣ ва баҳоиму (ҷонварони хона) сибоъ (даррандагон), даду (ҷонварони дарранда) дом (ҷонварони гиёҳхур), вуҳушу туюр, баҳру бар, подшоҳу раият, амиру паҳлавон, сарҳангу ҳоҷиб, дастуру надим, ноибу вакил, тавонгару дарвеш, вазеъу шариф, ҷавону пир, тифли барзабону кўдакон, донову нодон, ҷавонмарду бахил, ҳакиму файласуф, гурбузу оҷиз, оқилу ҷоҳил, донишманду бехирад, қавиву заиф, асиру ситамкор, макру ҳилат ва дастону чора, шабравиву айёри, корсозиву тадбир, кордониву талбис, хубкориву рои неку ниҳодану роҳ намудан, ва бадкориву риндиву роздориву роз ошкоро кардан, амонатдориву хиёнат, ва муроду мақсад, донишу ромиш, фарҳангу тавониш, подшоҳиву майдондори, ҷангу шикор кардан, лашкар кашидану донистани ҳар кор ва чора сохтан аз роҳи писандида аз ҳар чи дар чаҳон будааст ва хоҳад буд ва дар ҳикоят ҳаст, ҷамъ кардем ва навиштем, то дўстонро дар хондани ин китоб ҷон афзояд, дар шунидан роҳати дил бувад ва ошиқонро мўниси равон бувад ва ҷавононро ақломўзие бувад, бедилонро навозиш бувад, ҷаҳониёнро ибрат бувад, оламиёнро фикрат бувад ва оқилонро тарбият бувад ва хирадмардонро дастгир бувад ва фозилонро намоиш бувад ва зираконро озмоиш бувад, дастуре бувад подшоҳонро дар подшоҳи кардану дод додану қоидаи мулк бар пой доштан ва чунон ки оқилони боақлу хирадмандони бохираду зиракони бодонишу кофиёнро писандида ояд.
САМАКИ АЙЁР
Чунин аст расми саройи дурушт, Гаҳе пушти зину гаҳе зин ба пушт. (Фирдавси)