Аз Шоҳнома ва Фирдавсӣ моро таъриф намебояд, чун еҳтироми мо дар ҷаҳон ва ҳам зинда будани таърих бо забони ҳазорсолаи мо ба хотири ўст. Ҳазорҳо нақшу нигор аз Шоҳномаи Безавол дар дасти мардум ва китобхонаву ганҷинаҳои дуньё маҳфузанд. Барои ифтихори шумо азизон ман 15474 нақшу нигор аз Шоҳнома инҷо гирдовари кардаам, то шуморо аз дидани он ибрат, фикрат, тарбият ва роҳати дил бувад. Аз шунидани кушта шудани Сўҳроб ва ғиреви падар бар писар мардон ашки мардӣ мерезанд. Шоҳномаро бихонед ва разми Рустам ва Сўҳробро гўши ҷон кунед ва сиришки ҷавонмардӣ аз чашми ақл бирезед, вассалом.